Шурои диссертатсионии 6D.КОА-152 ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D010300 – Педагогика ва психология (6D010301 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот), 6D010800 – Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш (6D010801 – Назария ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ) ва 6D011400 – Таърих (6D011401 – Назария ва методикаи таълими таърих (таҳсилоти умумӣ)), инчунин барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисоси 5.3 – Педагогика (5.3.1 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот; 5.3.5.1 – Назария ва методикаи таълими таърих; 5.3.7 – Назария ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ) дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шурои диссертатсионӣ бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми сентябри соли 2026, № 356/шд таъсис дода шуда, муҳлати фаъолияти он 2 (ду) сол муқаррар гардидааст. Ҳайати шурои диссертатсионӣ аз 15 (понздаҳ) нафар иборат аст.









